Яғнобӣ: Мардум, Фарҳанг ва Забон

Go to content

Main menu:

ХУШ ОМАДЕД БА ВЕБСОЙТИ ЯҒНОБИЁН!
Яғноб аз тарафи шимол ба кӯҳҳои Зарафшон, аз ҷануб кӯҳҳои Ҳисорро иҳота карда аст. Яғноб ин ватани Суғдӣ бостонӣ мебошад. Мардуми он аз дасти арабҳо гурехта меоянд, ва ин ҷои зеборо барои муқимӣ зиндагӣ кардан интихоб мекунанд. Яғноб байни кӯҳҳо ҳам бошад, вале ҷояш кушоду васеъ аст. Замини кишту молчарониаш бошад, зиёд аст. Барои ҳамин мардумаш ба кишт кардан ва молчарониву чорводорӣ машғул буданд. Онҳо киштро дар замини обӣ ва дар заминӣ лалмӣ мегузаронданд. Аз замини обӣ бисёр ҳосил мегирифтанд.

Яғнобиён ғайр аз кишткуниву чорводорӣ, боз каспҳои кӯзагарӣ, бофандагиву дӯзандагӣ мекарданд. Ва онҳо тайёркардаи маҳсули дасташонро ба шаҳрҳои Самарқанд, Душанбе, Ҳисор ва дигар манотиқҳои кишварамон оварда мефурӯхтанд ва маҳсулоти даркории зиндагиашонро харида мебурданд.
Ба хабарномаи Yaghnob.соm обуна шавед!

* Бе иҷозати Шумо маълумотатон ҳаргиз ба касе дода намешавад. Шумо ҳар вақт ки хоҳед, аз обуна
даст кашида метавонед.
 
Back to content | Back to main menu